Дар ноҳияи Рӯдакӣ ғоратгарон беш аз 10 ҳазор $-ро аз сейф рабуданд

Date:



Шаби 20-ум ба 21-уми декабри соли 2015 тахминан соати 23:20-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди ширкати ҶДММ “ОЗУМ”, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ шуда, бо роҳи зӯроварӣ ва таҳдиди куштор дасту пойи посбон, марди 71-солаи сокини шаҳри Душанберо баста, қулфи дари ҷевони оҳанинро шикаста, аз дохилаш 10 ҳазору 370 доллари амрикоиро тасарруф  намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия се сокини ноҳияи Рӯдакӣ: марди 25-сола, марди 24-сола ва  марди 31-сола, ки охирин, пеш бо моддаҳои 249 ва 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумонбарӣ дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир намуданд.

Гуфта мешавад, нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...