Сармоягузории «РУСАЛ» ба таъсиси корхонаи васли техникаи коммуналӣ дар Душанбе

КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва корхонаи «Горьковский автомобильный завод»-и Русия ба мувофиқа расиданд, ки соли равон бевосита корҳои таъсиси корхонаи муштарак оид ба насбу васли техникаи махсуси коммуналӣ дар Душанберо оғоз мекунанд. Роҳбари КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Исломзода имрӯз ба журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки асноди дахлдор миёни ҷонибҳо дар ин хусус […]

ASIA-Plus



КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва корхонаи «Горьковский автомобильный завод»-и Русия ба мувофиқа расиданд, ки соли равон бевосита корҳои таъсиси корхонаи муштарак оид ба насбу васли техникаи махсуси коммуналӣ дар Душанберо оғоз мекунанд.

Роҳбари КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Исломзода имрӯз ба журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки асноди дахлдор миёни ҷонибҳо дар ин хусус моҳи июни соли 2015 ба имзо расида, оғози бевоситаи корҳо имсол дар назар аст.

Исломзода қайд кард, ки тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, арзиши лоиҳа тақрибан 6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, ба сифати сармоягузор ширкати маъруфи алююминии русиягӣ «РУСАЛ» пешбинӣ мешавад. «Бо як бонки дигари Русия, ки бо шартҳои қобили қабул восита пешниҳод карданист, низ гуфтушунид дорем», – иброз дошт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз таъсиси корхонаи муштарак қисмҳову дастгоҳ ва дигар таҷҳизоти техникаҳои махсуси коммуналӣ тариқи роҳи оҳан ба Тоҷикистон оварда шуда, дар ин ҷо насбу васл ва сохта мешаванд, зеро интиқоли бевосита техникаи тайёр аз Русия хеле гарон меафтад.

Ғайр аз ин, гуфт ӯ дар идома, дар Тоҷикистон қувваи нисбатан арзони корӣ ва тарифҳои нисбатан паст ба истифодаи нерӯи барқ мавҷуданд, ки ба пешравии кори корхона мусоидат мекунанд. «Ҳамин тавр мо хароҷоти худ марбут ба харидории техникаи коммуналиро то ҳадди ниҳоӣ кам мекунем», – афзуд Исломзода.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар тавозуни КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ҳудуди 890 адад техникаи махсуси коммуналӣ мавҷуд аст, ки танҳо 560 ададаш коршоям аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.