Тоҷикистон реактори ядроии «Аргус-ФТИ»-ро ба кор медарорад

Академияи илмҳои Тоҷикистон ба амалисозии барномаи барқарорсозӣ ва истифодаи минбаъдаи реактори ядроии таҳқиқотии «Аргус-ФТИ» барои солҳои 2016-2020 шурӯъ намуд. Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки дар қарори ҳукумат оид ба ин барнома таъкид мешавад, ки «рушди минбаъдаи иқтисоди Тоҷикистон назди давлдат вазифаҳои марбут ба истифодаи […]

ASIA-Plus



Академияи илмҳои Тоҷикистон ба амалисозии барномаи барқарорсозӣ ва истифодаи минбаъдаи реактори ядроии таҳқиқотии «Аргус-ФТИ» барои солҳои 2016-2020 шурӯъ намуд.

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки дар қарори ҳукумат оид ба ин барнома таъкид мешавад, ки «рушди минбаъдаи иқтисоди Тоҷикистон назди давлдат вазифаҳои марбут ба истифодаи технологияҳои муосирро мегузорад. Дар ин робита Академияи илмҳо вазифадор карда мешавад, ки бо мақсади рушди иқтисоди Тоҷикистон ҳарчи зудтар реактори «Аругс-ФТИ»-ро, ки солҳои 80-уми асри гузашта сохта шуда, вале мавриди истифода қарор нагирифтааст, барқарор ва ба истифодаи минбаъда барои ҳадафҳои осоишта омода созад».

Академияи илмҳо ҳамчунин ба омӯзиши вазъ, таъиноти реактор ва муайян кардани имконоти техникии он вазифадор карда шудааст. Ҳамчунин ба муайян кардани дурнамои истифодаи реактор ва ташкил додани комплекси ядроӣ-технологӣ оид ба истеҳсоли радиоизотопҳои тиббӣ низ дастур дода шудааст.

Дар қарори ҳукумат зикр мегардад, ки соҳаҳои асосии истифодаи реактор илму тиб, саноати кӯҳкорӣ, бахши кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва ғайра мебошанд.

«Мо дар доираи қонунгузорӣ ва санадҳои байнулмилалии аз ҷониби Тоҷикистон баимзорасида корро дар ин самт шурӯъ намудем. Ҳозир бо ҳамтоёни русиягӣ корро оғоз кардем ва умедворем, ки ояндаи наздик корҳои амалӣ низ оғоз мегарданд», – қайд кард президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Фарҳод Раҳимзода таъкид дошт: «Ҳадафи аслӣ – барқарор кардани реактор баҳри истифода бо мақсади осоишта аст, то ки ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оғоз бахшида шавад».

Ба гуфтаи ӯ, то соли 2020 реактори ядроӣ бояд пурра ба корҳо дар тамоми самтҳои илмӣ оғоз кунад. «Ин барои Академия ва ҳаёти илмии кишвар хеле муҳим аст. Муҳлати ҳадди ақали оғози кор 3 солро ташкил медиҳад», – гуфт Раҳимзода.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.