Вазорати молия ба қарздор будани ХМК аз андоз мусоидат мекунад

Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» (ХМК) аз мақомоти андози ҷумҳурӣ тақрибан 12 млн. сомонӣ қарздор аст. Роҳбари КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Исломзода ба журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки ин қарзҳо асосан аз ҳисоби аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ пардохт нашудани маблағи хизматрасониҳои корхона ба афроди имтиёздор ба вуҷуд омадааст. Исломзода шарҳ […]

ASIA-Plus



Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» (ХМК) аз мақомоти андози ҷумҳурӣ тақрибан 12 млн. сомонӣ қарздор аст.

Роҳбари КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Исломзода ба журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки ин қарзҳо асосан аз ҳисоби аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ пардохт нашудани маблағи хизматрасониҳои корхона ба афроди имтиёздор ба вуҷуд омадааст.

Исломзода шарҳ дод, ки мутобиқи қарори ҳукумат, имтиёздороне мавҷуданд, ки танҳо қисмате аз маблағи хизматрасониҳои хоҷагии манзилию коммуналиро пардохт мекунанд ё пурра аз пардохти он озод карда шудаанд. «Маблағи ин хизматрасониҳои пардохтнашударо бояд Вазорати молияи рӯйпӯш намояд, вале Вазорат инро дар ҳаҷми пурра ба иҷро намерасонад», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки соли гузашта Вазорати молия барои имтиёздорон мебоист тақрибан 6,8 млн. сомонӣ маблағ пардохт мекард, вале дар амал ба суратҳисоби корхона танҳо 2,4 млн. сомонӣ маблағ гузаронида тавонист, ки ҳамагӣ 36% аз ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. «Мақомоти андоз бошад, миқдори хизматрасонии воқеъии моро ба инобат мегирад», – қайд кард ӯ.

Роҳбари корхона ҳамчунин зикр кард, ки дар маҷмӯъ аҳолӣ пурра маблағи хизматрасониҳои хоҷагии манзилию коммуналиро пардохт мекунад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.