Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Агентии стнадартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати Тоҷикистон  аз рӯи натиҷаҳои фаъолият дар соли 2015 нишасти хабарӣ баргузор менамояд. Оғоз соати 09-00; – Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ раҳбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ барои журналистон нишасти матбуотӣ барпо мекунад. Оғоз соати 09-00; – Соати 10-00 дар […]

ASIA-Plus



Анонс



– Агентии стнадартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати Тоҷикистон  аз рӯи натиҷаҳои фаъолият дар соли 2015 нишасти хабарӣ баргузор менамояд. Оғоз соати 09-00;

– Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ раҳбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ барои журналистон нишасти матбуотӣ барпо мекунад. Оғоз соати 09-00;

– Соати 10-00 дар Бонки миллии Тоҷикистон ба муносибати имзои созишнома бо низоми пардохти VISA International нишасти матбуотӣ доир мегардад;

– Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2015 нишасти хабарӣ доир мегардад.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.3792

сомонӣ;


1

евро –

8.0345

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1040

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1941

— Дар Бадахшони Кӯҳӣ, наздикии маркази вилоят – шаҳри Хоруғ нерӯгоҳи обӣ-барқии Помир ба истифода дода шуд.


1943

— Анҷоми сохтмони Пентагон – бинои маъмурии бузургтарин дар ҷаҳон (604 ҳазор метри мураббаъ).


1962

— Дар тамрингоҳи Семипалатинск (Қазоқистони Шарқӣ)-и ИҶШС бори нахуст таркиши зеризаминии ядроӣ гузаронида шуд.


2001

— Президент Эмомалӣ Раҳмонов Қарор «Дар бораи давра ба давра кӯчонидани оилаҳои ҷавон аз ВМКБ ба ноҳияҳои Қубодиёну Бешкенти вилояти Хатлон»-ро ба имзо расонид.


2002

— Дар пойтахти Тоҷикистон сафоратхонаи Ҷопон кушода шуд.


2010

— Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар шаҳри Душанбе барои кӯдакон аз оилаҳои камбизоат мактаби омӯзиши суфтакунии сангҳои нимагаронбаҳо боз кард.


1962 —

Зодрӯзи Давлатов Нусратулло Муқимович, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.



Вазъи




обуҳаво




Дар




вилояти




Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, шабона ва субҳгоҳон дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф борида, туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -1+4.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +8+13.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан барф меборад, рӯзона бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -6-11, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -18-23, рӯзона -9-14.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, шабона ва субҳгоҳон дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф борида, туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона 0+5. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +12+14.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.   

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +12+14.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +10+12.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан барф меборад, рӯзона бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона -1+1.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.