Cомонаи Вазорати маориф барқарор карда шуд

Сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пас аз тахрибкорӣ аз ҷониби ифротгароён барқарор карда шуд. Эҳсон Хушвахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки фаъолияти сомонаи www.maorif.tj бо кумак ва дар ҳамкорӣ бо ширкати мобилии «Вавилон» дубора барқарор ва ба акнун ба таври маъмулӣ фаъолият мекунад. Дар […]

ASIA-Plus



Сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пас аз тахрибкорӣ аз ҷониби ифротгароён барқарор карда шуд.

Эҳсон Хушвахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки фаъолияти сомонаи

www.maorif.tj

бо кумак ва дар ҳамкорӣ бо ширкати мобилии «Вавилон» дубора барқарор ва ба акнун ба таври маъмулӣ фаъолият мекунад. Дар бораи тафсилоти ин қазия Вазорат баъдтар маълумот хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки субҳи 14 январ гурӯҳи исломгароёнаи тахрибкорони сомонаҳо (хакерҳо)-и «Tunusian Fallaga-Team» сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро

тахриб намуданд

. Онҳо бо даъват аз Русия ҷиҳати хотима бахшидан ба дастгирии президенти Сурия Башор Асад дар он маълумот интишор карда буданд.

Зимни кушодани сомона бо суроғаи www.maorif.tj аз номи «Tunusian Fallaga-Team» ба унвони Русия ва кишварҳои ҷонибдори «сохти ҷиноятпешаи Башар» маълумот пайдо мешуд. Тахрибкорон ҳамчунин аз низомиёни рус даъват карда буданд, ки ба «хароб намудани оилаву манзилҳо, мактабу бемористон» ва «қатли мусалмонон дар Сурия ва Чечченистон» хотима бахшанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.