Руқия Қурбонова раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ интихоб шуд

Муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода ҷаласаи тадорукотии Шӯрои собиқадорони ҳизбро баргузор намуд. Котиби матбуотии ҲХДТ Усмон Солиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шӯрои собиқадорони ҲХДТ бо қарори президиуми Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб таъсис дода шудааст. «С.Фаттоҳзода қайд кард, ки пешвои ҳизб, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми чорабиниҳои […]

Аваз Юлдошев



Муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода ҷаласаи тадорукотии Шӯрои собиқадорони ҳизбро баргузор намуд.

Котиби матбуотии ҲХДТ Усмон Солиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шӯрои собиқадорони ҲХДТ бо қарори президиуми Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб таъсис дода шудааст.

«С.Фаттоҳзода қайд кард, ки пешвои ҳизб, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми чорабиниҳои ҳизб изҳор мекунад, ки зимни фаъолияти рӯзмарра мебояд ҳамеша аз таҷрибаи ғании собиқадорони ҳизб истифода кард», – гуфт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, бо пешниҳоди раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон, Руқия Қурбонова (собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон, собиқ муовини раиси шаҳри Душанбе) раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, Амиршо Миралиев (собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент, собиқ муовини аввали раиси палатаи поёнии парлумон), Давлаталӣ Давлатзода (собиқ муовини аввали раиси ҲХДТ, собиқ вакили палатаи поёнии парлумон) ва Сафар Сафаров (собиқ муовини аввали раиси ҲХДТ) муовинони раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб интихоб шуданд. Латофат Шарифова котиби Шӯрои собиқадорони ҲХДТ интихоб шуд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 281 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.