Озмуни шаҳрдории Душанбе оид ба беҳтарин лоиҳаи ангоравии композитсияи гулҳо

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ба муносибати ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муайян намудани беҳтарин лоиҳаи ангоравии композитсияи гулҳо дар шаҳри Душанбе озмуни кушод эълон шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории пойтахт, озмун аз 18 январ то 18 феврал гузаронида шуда, дар он шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқии ватанию […]

ASIA-Plus



Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ба муносибати ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муайян намудани беҳтарин лоиҳаи ангоравии композитсияи гулҳо дар шаҳри Душанбе озмуни кушод эълон шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории пойтахт, озмун аз 18 январ то 18 феврал гузаронида шуда, дар он шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ширкат варзида метавонанд. Натиҷаҳои озмун санаи 24 феврал ҷамъбаст мешаванд.

Ғолиби озмун дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, лоиҳаи зинаи дуюмро ишғолкарда бо 7,5 ҳазор сомонӣ ва лоиҳаи ҷойи сеюмро касбкарда бо 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.