Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 14 январи соли 2016 муовини якуми вазири тиҷорат ва саноати Ҷумҳурии Ҳиндустон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангӣ хонум Рита Тиотиаро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат масъалаҳои татбиқи амалии мувофиқаҳое, […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 14 январи соли 2016 муовини якуми вазири тиҷорат ва саноати Ҷумҳурии Ҳиндустон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангӣ хонум Рита Тиотиаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат масъалаҳои татбиқи амалии мувофиқаҳое, ки дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ моҳи июли соли 2015 дар Душанбе ҳосил шуданд ва роҳҳои густариши ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ дар арсаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ ҷиҳати тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими робитаҳо миёни вазоратҳои соҳавӣ ва доираҳои соҳибкории ду кишвар баланд арзёбӣ шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин дар атрофи дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.