Ҳузури бидуни қайди шаҳрвандони Қирғизистон дар Русия аз 90 то 30 рӯз кам шуд

Шаҳрвандони Қирғизистон аз ин ба баъд танҳо 30 рӯзи бидуни қайд дар қаламрави Русия ҳузур дошта метавонанд. Ин муҳлат қаблан 90 рӯз муқаррар шуда буд. Дар ин бора АКИpress бо истинод ба дафтари матбуоти Хадамоти давлатии бақайдгирии Қирғизистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, мутобиқи созишномаи миёни Қирғизистон ва Русия дар бораи тартиби ҳузури шаҳрвандони ҳарду […]

ASIA-Plus



Шаҳрвандони Қирғизистон аз ин ба баъд танҳо 30 рӯзи бидуни қайд дар қаламрави Русия ҳузур дошта метавонанд. Ин муҳлат қаблан 90 рӯз муқаррар шуда буд. Дар ин бора АКИpress бо истинод ба дафтари матбуоти Хадамоти давлатии бақайдгирии Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, мутобиқи созишномаи миёни Қирғизистон ва Русия дар бораи тартиби ҳузури шаҳрвандони ҳарду кишварҳо дар қаламрави ҳамдигар, ки 19 июни соли 2015 ба имзо расида буд, муҳлати будубоши шаҳрвандони бидуни қайд аз 90 то 30 рӯз кам карда мешавад.

Ҳамин тариқ, акнун шаҳрвандони Русия низ дар қаламрави Қирғизистон метавонанд то 30 рӯз бидуни қайд ҳузур дошта бошанд.

Ёдрас мекунем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия 15 рӯз бидуни қайд метавонанд ҳузур дошта бошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.