Бонки миллӣ 3 ташкилоти қарзии хурдро муттаҳид кард

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи муттаҳид шудани се ташкилоти қарзии хури ҷумҳурӣ хабар дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, 12 январ Раёсати БМТ бо қарори худ дархости ҶДММ ТҚХ “Ворух” ва ҶДММ ТҚХ “Рушди обшорон” оид ба ҳамроҳшавӣ ба ҶДММ ТҚХ “Меҳнатобод”-ро қонеъ кард. Гуфта мешавад, қарор дар бораи муттаҳид кардани ин ташкилотҳои […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи муттаҳид шудани се ташкилоти қарзии хури ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, 12 январ Раёсати БМТ бо қарори худ дархости ҶДММ ТҚХ “Ворух” ва ҶДММ ТҚХ “Рушди обшорон” оид ба ҳамроҳшавӣ ба ҶДММ ТҚХ “Меҳнатобод”-ро қонеъ кард.

Гуфта мешавад, қарор дар бораи муттаҳид кардани ин ташкилотҳои қарзии хурлд мутобиқи қонуни ҶТ “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд” қабул шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар робита ба ин, иҷозатномаҳои ҶДММ ТҚХ “Ворух” ва ҶДММ ТҚХ “Рушди обшорон”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудаанд, бозхонд карда мешаванд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки ҶДММ ТҚХ “Меҳнатобод” вазифадор карда шуд, ки пас аз бақайдгирии давлатии азнавташкилдиҳӣ дар мақомоти масъул нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва дигар санадҳои тасдиқшудаи ташкилотро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.