Тоҷикистон консулгариҳояш дар ду вилояти Афғонистонро баст

Ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти консулгариҳояш дар ду вилояти минтақаи шимоли Афғонистонро мутаваққиф намуд. Дар ин бора Интерфакс бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон хабар медиҳад. Бино ба маълумоти хабаргузорӣ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар номаи расмӣ ВКХ Афғонистонро дар бораи муваққатан баста шудани консулгариҳо дар шаҳрҳои Файзобод (маркази маъмурии вилояти Бадахшон) ва Қундуз (маркази маъмурии […]

ASIA-Plus



Ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти консулгариҳояш дар ду вилояти минтақаи шимоли Афғонистонро мутаваққиф намуд. Дар ин бора Интерфакс бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти хабаргузорӣ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар номаи расмӣ ВКХ Афғонистонро дар бораи муваққатан баста шудани консулгариҳо дар шаҳрҳои Файзобод (маркази маъмурии вилояти Бадахшон) ва Қундуз (маркази маъмурии вилояти ҳамном) дар шимоли Афғонистон огаҳ кардааст.

Дар маълумот қайд мешавад, ки фаъолияти консулгариҳои Тоҷикистон дар ин шаҳрҳо бинобар сабаби мушкилоти таъмини амният боздошта мешавад.

Қаблан чанде аз ВАО-и Афғонистон иттилоъ дода буданд, ки Тоҷикистон фаъолияти консулгарияшро дар шаҳри Мазори Шариф, маркази маъмурии вилояти Балх низ боздоштанӣ будааст, вале бо дархости волии ин вилоят Ато Муҳаммад Нур, ки ба таъмини амнияти кормандони намояндагии дипломатии Тоҷикистонро дар ин вилоят итминон додааст, аз ин тасмим даст кашидааст.

Дар Душанбе ин маълумот то ҳол шарҳ дода нашудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.