Дар Душанбе якчанд тонна маҳсулоти муҳлати истифодааш гузашта нобуд шуд

Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) имрӯз дар ҳузури журналистон 4,5 тонна маҳсулоти муҳлати истифодааш гузаштаро нобуд кард. Ин маҳсулоти пастсифати ва муҳлати истифодааш гузашта, ки асосан маҳсулоти ғизойӣ мебошанд, зимни рейди кормандони Агентӣ ба нуқтаҳои савдо мусодира шудааст. Соли 2015 «Тоҷикстандарт» дар маҷмӯъ 3 ҳазору 660 тонна маҳсулоти пастсифат […]

ASIA-Plus



Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) имрӯз дар ҳузури журналистон 4,5 тонна маҳсулоти муҳлати истифодааш гузаштаро нобуд кард.

Ин маҳсулоти пастсифати ва муҳлати истифодааш гузашта, ки асосан маҳсулоти ғизойӣ мебошанд, зимни рейди кормандони Агентӣ ба нуқтаҳои савдо мусодира шудааст.

Соли 2015 «Тоҷикстандарт» дар маҷмӯъ 3 ҳазору 660 тонна маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодааш гузаштаро ошкор намудаааст, ки қисмате аз он барои хӯроки чорво ва қисмате ба коркард равона гардида, боқимонда нобуд карда шудааст.

Танҳо дар шаҳри Душанбе 70 тонна хурмо, 245 тонна конфетҳо, беш аз 8 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 8 тонна моҳии яхшуда, ҳудуди 12 ҳазор дона тухм мусодира шудааст, ки истеъмоли онҳо барои саломатии инсон хатарнок аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.