Пахши барномаҳои шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон дар 38 кишвари ҷаҳон

Барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистонро дар 38 кишвари Осиё, Аврупо ва Африқо тамошо мекунанд. Директори ҶСК «Телерадиоком»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон Хуршед Ҳабибов дар ин робита изҳор намуд, ки барномаҳои шабакаҳои телевизиони Тоҷикистонро ба ҷуз ҷумҳурии худамон, дар ҳаҷми пурра метавон дар 24 кишвар – давлатҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва ҳамчунин як […]

ASIA-Plus



Барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистонро дар 38 кишвари Осиё, Аврупо ва Африқо тамошо мекунанд.

Директори ҶСК «Телерадиоком»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон Хуршед Ҳабибов дар ин робита изҳор намуд, ки барномаҳои шабакаҳои телевизиони Тоҷикистонро ба ҷуз ҷумҳурии худамон, дар ҳаҷми пурра метавон дар 24 кишвар – давлатҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва ҳамчунин як қатор кишварҳои Аврупои Шарқӣ тамошо кард.

Ғайр аз ин, қайд кард номбурда, барномаҳои телевизиони Тоҷикистон қисман дар 13 кишвари Аврупои Ғарбӣ ва Осиё низ қабул карда мешавад.

Ба гуфтаи Ҳабибов, ҳамчунин барои тамошои барномаҳои телевизиони Тоҷикистон тариқи шабакаи Интернет низ шароиту имкон фароҳам оварда шудааст.

Зимнан таъкид гардид, ки айни замон 54%-и аҳолии Тоҷикистон бо пахши рақамиии барномаҳои телевизион таъмин карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.