Вазорати молия ба қарздор будани ХМК аз андоз мусоидат мекунад

ASIA-Plus



Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» (ХМК) аз мақомоти андози ҷумҳурӣ тақрибан 12 млн. сомонӣ қарздор аст.

Роҳбари КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Исломзода ба журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки ин қарзҳо асосан аз ҳисоби аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ пардохт нашудани маблағи хизматрасониҳои корхона ба афроди имтиёздор ба вуҷуд омадааст.

Исломзода шарҳ дод, ки мутобиқи қарори ҳукумат, имтиёздороне мавҷуданд, ки танҳо қисмате аз маблағи хизматрасониҳои хоҷагии манзилию коммуналиро пардохт мекунанд ё пурра аз пардохти он озод карда шудаанд. «Маблағи ин хизматрасониҳои пардохтнашударо бояд Вазорати молияи рӯйпӯш намояд, вале Вазорат инро дар ҳаҷми пурра ба иҷро намерасонад», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки соли гузашта Вазорати молия барои имтиёздорон мебоист тақрибан 6,8 млн. сомонӣ маблағ пардохт мекард, вале дар амал ба суратҳисоби корхона танҳо 2,4 млн. сомонӣ маблағ гузаронида тавонист, ки ҳамагӣ 36% аз ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. «Мақомоти андоз бошад, миқдори хизматрасонии воқеъии моро ба инобат мегирад», – қайд кард ӯ.

Роҳбари корхона ҳамчунин зикр кард, ки дар маҷмӯъ аҳолӣ пурра маблағи хизматрасониҳои хоҷагии манзилию коммуналиро пардохт мекунад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...