Президент аз моҳи июл болоравии маошро ваъда кард



Зимни ироаи паёми ҳамасолаи худ ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки паёми имрӯза ба давраи бадшавии шароит дар бисёре аз минтақаҳои ҷаҳон рост меояд, ки дар он ҷойҳо ба терроризму ифротгароӣ муқовимат идома дошта манфиатҳои давлатҳои барқудрат матраҳ мешаванд ва буҳрони моливу иқтисодии ҷаҳонӣ торафт ҳарчи бештар кишварҳоро фаро мегирад.

Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки сарфи назар аз буҳрон дар иқтисоди кишварҳои шарики ҷумҳурӣ, соли гузашта ҳаҷми ММД Тоҷикистон 48 млрд. сомонӣ, суръати афзоиши он 106% ва мизони таваррум 5%-ро ташкил доданд. Пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳои ҷумҳурӣ то ба 9 млрд. сомонӣ афзуд. Давомнокии миёнаи умр дар ҷумҳурӣ ба 73,5 сол расид.

«Иқтисоди Тоҷикистон оқибатҳои буҳрони ҷаҳониро хеле шадид эҳсос кард, ҳаҷми савдои беруна 18% коҳиш ёфт, ҳукумат нақшаи зиддибуҳронӣ қабул кард, ки мутобиқи он иқтидорҳои нави саноатӣ бунёд гардиданд, ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуданд ва истеҳсоли чанде аз маҳсулоти ивазкунандаи содирот роҳандозӣ шуд», – гуфт Э.Раҳмон.

Сарвари давлат ваъда дод, ки ояндаи наздик дар ҷумҳурӣ беш аз 300 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда мешаванд. «Таъсиси ҷойҳои нави корӣ яке аз вазифаҳои асосии раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо аст», – таъкид дошт президент.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон зикр кард, ки соли гузашта офатҳои табиӣ дар вилояту Суғду водии Рашт ва ВМКБ ба иқтисод дар ҳаҷми 4  млрд. сомонӣ зарар расониданд. Боришоти барфи зиёд моҳи апрели соли гузашта дар вилояти Суғд ба содироти зиёда аз 6 ҳазор тонна мева ба хориҷи кишвар имкон надод.

Президент ҳамчунин изҳор дошт, ки соли гузашта бар асари буҳрон ҳаҷми маошу нафақа ва стипендияву кумакпулиҳо боло бурда нашуданд. «Аз моҳи июли соли 2016 ҳаҷми маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони сохторҳои қудратӣ ба андозаи 15%, кормандони соҳаи маорифу илм ва фарҳангу варзиш ба миқдори 20%, кормандони бахши иҷтимоӣ – 25%, нафақа – 20%, стипендияҳо – 30% боло бурда шуда, маоши ҳадди ақал аз 250 сомонии ҳозира то 400 сомонӣ (60%) меафзояд», – итминон дод президент.

Ба гуфтаи сарвари давлат, барои амалисозии нақшаҳои зикргардида дар як сол 1 млрд. 323 млн. сомонӣ маблағ зарур аст. 

spot_imgspot_img

Популярное