Боздошти сокини Душанбе барои истисмори ҳамдиёрони худ дар Русия

Кормандони милитсия рӯзи 19 январ марди 28-солаи сокини шаҳри Душанберо ба гумони ҷалби одамон барои истисмор дастгир кардаанд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда, моҳи августи соли 2013 зани 23-солаи сокини шаҳри Душанберо бо роҳи фиреб, бо баҳонаи бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудан ба шаҳри Москваи […]



Кормандони милитсия рӯзи 19 январ марди 28-солаи сокини шаҳри Душанберо ба гумони ҷалби одамон барои истисмор дастгир кардаанд.


Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда, моҳи августи соли 2013 зани 23-солаи сокини шаҳри Душанберо бо роҳи фиреб, бо баҳонаи бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудан ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия даъват намуда, дар он ҷо ба муддати 4-моҳ маҷбурӣ кор фармуда, музди меҳнаташро ба  маблағи 100 ҳазор рубли русӣ ба манфиати худаш сарф намудааст.

Гуфта мешавад, ҳамин тариқ, гумонбаршуда ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанберо низ бо роҳи фиреб барои кор ба ш.Москва ҷалб намуда, дар муддати 3-моҳ маҷбурӣ кор фармуда, музди меҳнаташро ба  маблағи  100 ҳазор рубли русӣ аз они худ кардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.