Имрӯз дар ҷаласаи ҳукумати ҷумҳурӣ натиҷаҳои пешакии рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳо дар соли равон баррасӣ мешаванд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ доданд, ҷаласа таҳти раёсати раиси ҳукумат, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, дар ҷараёни он шунидани ҳисоботҳои роҳбарони вазорату идораҳо, раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоят дар бораи фаъолият дар соли гузашта дар назар аст.
Таҷриба гувоҳи он аст, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи солонаи ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон ҷойивазкунии кадрҳо дар байни роҳбарони вазорату идораҳо, раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятро амалӣ месозад.





