Бархӯрди BMW ва автомашинаи ёрии таъҷилӣ дар Душанбе

Тақрибани соати 01:55-и рӯзи 20 янар дар пойтахт садамаи фоҷебаро рух дода, автомашинаи тамғаи BMW ба автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ бархӯрд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай» (ёрии тиббии таъҷилӣ), рақами қайди давлатиаш 762 ХС 01, Турсунов Ҳабибулло Маҳмадуллоевич соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рӯдакӣ […]



Тақрибани соати 01:55-и рӯзи 20 янар дар пойтахт садамаи фоҷебаро рух дода, автомашинаи тамғаи BMW ба автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ бархӯрд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай» (ёрии тиббии таъҷилӣ), рақами қайди давлатиаш 762 ХС 01, Турсунов Ҳабибулло Маҳмадуллоевич соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рӯдакӣ ба самти кӯчаи И.Сомонӣ ронандаи автомашинаи ёрии таъҷилӣ ба аломати роҳ эътибор надода, ҳаракати худро бепарвоёна идома додааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа автомашинаи тамғаи «БМВ-745», рақами қайди давлатиаш  0777 ВР 07, ронандааш Сатторзода Аъзам Ҷамшед, соли таваллудаш  1992, ки аз самти кӯчаи Рӯдакӣ бо суръати баланд ҳаракат мекард, ба автомашинаи ёрии таъҷилӣ бархурдааст.

Зикр мегардад, ки бар асари бархӯрди ду автомашина кормандони беморхонаи ёрии таъҷилӣ: Турдиев Аъзам, соли таваллудаш 1976, Самиева Зебӣ, соли таваллудаш 1971 ва ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ» Турсунов Ҳабибулло ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи Марказии миллии тиббии Тоҷикистон бистарӣ карда шуданд.

Қайд мешавад, ки пас аз се соати садама,  ронандаи автомашинаи «БМВ» Турсунов Ҳабибулло ва ҳамшираи шафқат Самиева Зебӣ дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.