Баррасии масоили транзити маҳсулоти Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо

Сафири Тоҷикистон дар Литва (қароргоҳ дар Минск) Қозидавлат Қоимдодов дар вохӯрии ҳамасолаи президенти Литва Дали Грибаускайте ширкат варзид, ки дар он беш аз 60 нафар сафирони кишварҳои Аврупо, Осиё ва Шарқи Наздик иштирок карданд. Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Минск, сипас зимни мулоқоти Қ.Қоимдодов бо муовини вазири корҳои хориҷии Литва Андрюс Кривас масоили […]

Аваз Юлдошев



Сафири Тоҷикистон дар Литва (қароргоҳ дар Минск) Қозидавлат Қоимдодов дар вохӯрии ҳамасолаи президенти Литва Дали Грибаускайте ширкат варзид, ки дар он беш аз 60 нафар сафирони кишварҳои Аврупо, Осиё ва Шарқи Наздик иштирок карданд.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Минск, сипас зимни мулоқоти Қ.Қоимдодов бо муовини вазири корҳои хориҷии Литва Андрюс Кривас масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Андюс Кривас қайд кард, ки Литва ба афзоиши ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо манфиадор буда, ба баргузории машваратҳо миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳо дар сатҳи директорони департаментҳо соли равон дар шаҳри Душанбе омода аст.

Ҳамчунин сафири Тоҷикистон бо муовини вазири нақлиёти ва алоқаи Литва Алгис Жваляускас низ дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот зикр гардид, ки соли 2014 ҳаҷми муомилоти мол миёни Литва ва Тоҷикистон 205,69 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода соли 2015 сарфи назар аз буҳрони иқтисодӣ, устувории он ба мушоҳида мерасад.

Ҷонибҳо муҳим будани рушди ҳамкориҳо дар бахши нақлиётро зикр карда, ҳамчунин оид ба истифодаи бандарҳои Литва барои транзити маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозори Аврупо ва аз бозори Аврупо ба Тоҷикистон, атрофи масоили трназити маҳсулоти Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо табодули назар намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.