Эмомалӣ Раҳмон: соли равон душвор мешавад

Дар маҷлиси васеи ҳукумати ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, тадбирҳои зиддибуҳронӣ мавриди баррасӣ қарор доранд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода зимни ҳисобот қайд кард, ки соли 2015 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 48,4 млрд. сомониро ташкил дода, ба қисмати даромади буҷети давлатӣ 16,6 млрд. сомонӣ […]



Дар маҷлиси васеи ҳукумати ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, тадбирҳои зиддибуҳронӣ мавриди баррасӣ қарор доранд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода зимни ҳисобот қайд кард, ки соли 2015 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 48,4 млрд. сомониро ташкил дода, ба қисмати даромади буҷети давлатӣ 16,6 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки 100%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Расулзода корҳо дар бахши саноати кишварро қаноатбахш арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки соли 2015 дар Тоҷикистон 469 корхонаи саноатии нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд ва ҳудуди 9 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ҷойҳои корӣ дар онҳо таъмин шуданд.

Зикр гардид, ки ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар муқоиса бо соли 2014 ба андозаи 5,5% афзуда, ҳаҷми умумии нерӯи барқи содиротшуда дар соли гузашта 1,4 млрд. кВ/соатро ташкил додааст. Дар муқоиса бо соли 2014 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба миқдори 3,2% зиёд шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласа соли 2015-ро барои иқтисоди кишвар соли муваффақ номида, таъкид дошт, ки соли ҷорӣ вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон, бахусус дар кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон низ душвор хоҳад буд.

Дар робита ба ин президент аз тамоми роҳбарони вазорату идораҳо, бахшҳои иқтисод, раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо даъват кард, ки барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, бахусус молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва сарфакорона хароҷот кардани воситаҳои буҷетӣ тадбирҳои муассир рӯйи кор гиранд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки баҳри нигаҳдошти устувории қурби пули миллӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо тамоми молу маҳсулоти зарурӣ барои мардум чораҷӯӣ намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.