Ҳайрати Раҳимзода аз равуои озодонаи Кабирӣ дар қаламрави Эрону кишварҳои Аврупо



Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз ба журналистон изҳор намуд, ки дарҳол пас аз саркӯб кардани исёни мусаллаҳонаи Ҳоҷӣ Ҳалим, Тоҷикистон тавассути Интерпол пешвои Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро мавриди пайгард эълон кард.

«Барои чӣ Кабирӣ озодона дар қаламрави Эрон ва чанде аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо равуо мекунаду бо дархости Тоҷикистон дар он ҷо боздошт намешавад, инро аз ҳамон кишварҳо пурсидан лозим аст», – иброз дошт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз мавриди ҷустуҷӯ эълон шудани Кабирӣ, ВКД ба Эрону кишварҳои Аврупо дар бораи фаъолияти ҷинояткоронаи ӯ маълумот низ фиристодааст, «лекин бо чӣ сабабе онҳо то ҳол ба маълумоти мо ҳеҷ вокунише зоҳир накарданд».

Зимнан зикр гардид, ки мақомоти Тоҷикистон 903 нафар шаҳрвандони кишварро, ки бо созмонҳои террористӣ ва ифротгаро алоқамандӣ доранд,  мавриди ҷустуҷуӣ байнулмилалӣ эълон кардааст.

spot_imgspot_img

Популярное