Ҳайрати Раҳимзода аз равуои озодонаи Кабирӣ дар қаламрави Эрону кишварҳои Аврупо

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз ба журналистон изҳор намуд, ки дарҳол пас аз саркӯб кардани исёни мусаллаҳонаи Ҳоҷӣ Ҳалим, Тоҷикистон тавассути Интерпол пешвои Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро мавриди пайгард эълон кард. «Барои чӣ Кабирӣ озодона дар қаламрави Эрон ва чанде аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо равуо мекунаду бо дархости Тоҷикистон […]



Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз ба журналистон изҳор намуд, ки дарҳол пас аз саркӯб кардани исёни мусаллаҳонаи Ҳоҷӣ Ҳалим, Тоҷикистон тавассути Интерпол пешвои Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро мавриди пайгард эълон кард.

«Барои чӣ Кабирӣ озодона дар қаламрави Эрон ва чанде аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо равуо мекунаду бо дархости Тоҷикистон дар он ҷо боздошт намешавад, инро аз ҳамон кишварҳо пурсидан лозим аст», – иброз дошт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз мавриди ҷустуҷӯ эълон шудани Кабирӣ, ВКД ба Эрону кишварҳои Аврупо дар бораи фаъолияти ҷинояткоронаи ӯ маълумот низ фиристодааст, «лекин бо чӣ сабабе онҳо то ҳол ба маълумоти мо ҳеҷ вокунише зоҳир накарданд».

Зимнан зикр гардид, ки мақомоти Тоҷикистон 903 нафар шаҳрвандони кишварро, ки бо созмонҳои террористӣ ва ифротгаро алоқамандӣ доранд,  мавриди ҷустуҷуӣ байнулмилалӣ эълон кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.