Баррасии натиҷаҳои буҷети соли 2015 дар Вазорати молия



Дар Вазорати молияи Тоҷикистон ахири ҳафтаи сипаришуда натиҷаҳои иҷрои буҷети давлатӣ дар соли 2015 баррасӣ шуданд.

Бино ба маълуомти котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорат масоили марбут ба иҷрои Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳо оид ба рушд ва идоракунии пурсамари воситаҳои молияи давлатӣ дар соли 2016 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2015 ҳаҷми умумии буҷети давлатии ҷумҳурӣ 16 млрд. 630,1 млн. сомонӣ ё худ 100,4% аз нақшаи тасҳеҳшударо ташкил дод.

Дар ҳамин ҳол, Нақшаи кории ҳайати мушовараи Вазорати молия дар нимсолаи аввали соли 2016 тасдиқ шуд. Дар ҷаласа ҳисоботҳои роҳбарони Раёсатҳои молияи шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо доир ба фаъолият дар соли 2015 ва вазифаҳо дар соли 2016 шунида шуданд.

Зимни ҷамъбасти кори ҳайати мушовара вазири молияи кишвар Абдусалом Қурбониён ба кормандони масъули низом оид ба иҷрои хушсифати буҷети давлатӣ барои соли 2016 дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Вазири молия таъкид дошт, ки ҳамаи роҳбарони мақомоти молия ва ташкилотҳои зертобеъи вазорат бояд баҳри иҷрои вазифаҳои гузошташуда ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳанд.

spot_imgspot_img

Популярное