Ҳудуди 22%-и ММД Тоҷикистон ба бахши кишоварзӣ рост меояд

Дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли 2014 соли 2015 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон ба андозаи 6% афзуда, бо нархҳои ҷорӣ 48 млрд. 401,6 млн. сомониро ташкил дод. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД-и кишвар дар соли гузашта ҳиссаи бахши кишоварзӣ, шикор, хоҷагии ҷангал, моҳидорӣ ва моҳипарварӣ нисбатан зиёд – […]



Дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли 2014 соли 2015 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон ба андозаи 6% афзуда, бо нархҳои ҷорӣ 48 млрд. 401,6 млн. сомониро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД-и кишвар дар соли гузашта ҳиссаи бахши кишоварзӣ, шикор, хоҷагии ҷангал, моҳидорӣ ва моҳипарварӣ нисбатан зиёд – 21,9% аст.

Ҳиссаи савдо, таъмири автомашинаҳо, молҳои маишӣ ва предметҳои истифодаи шахсӣ, меҳмонхона ва тарабхонаҳо- 14,2%, саноат ва энергетика – 12,8%, андозҳо – 12,3%, сохтмон – 11,8%, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии нигаҳдории анборҳо – 10,8%-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2014 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон – 45 млрд. 605,2 млн., соли 2013 – 40 млрд. 524,5 млн ва соли 2012 – 36 млрд. 161,1 млн. сомониро ташкил дода буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.