Дар Перм овозхони тоҷик ба 16 соли зиндон маҳкум шуд

Дар шаҳри Перми Русия як овозхон аз Тоҷикистон барои фурӯши маводи мухаддири сахтаъсири героин ба 16 соли зиндон маҳкум шуд. Ширкати телевизионии «Рифей-Пермь» дар ин робита менависад, сарояндаи тоҷикро моҳи сентябри соли 2014  боздошт намуда буданд. Дар шаҳри Перм тӯли се моҳ ба ӯ муяясар гардидааст, ки  фурӯши героинро дар ҳаҷми зиёд ба роҳ монад. […]



Дар шаҳри Перми Русия як овозхон аз Тоҷикистон барои фурӯши маводи мухаддири сахтаъсири героин ба 16 соли зиндон маҳкум шуд.

Ширкати телевизионии

«Рифей-Пермь»

дар ин робита менависад, сарояндаи тоҷикро моҳи сентябри соли 2014  боздошт намуда буданд. Дар шаҳри Перм тӯли се моҳ ба ӯ муяясар гардидааст, ки  фурӯши героинро дар ҳаҷми зиёд ба роҳ монад. Сипас якчанд далелҳои аз ҷониби ӯ фурӯхта шудани беш аз 100 грамм героин ошкор шуда, кормандони пулис овозхон ва ҳамчунин як хеши ӯро, ки ба ӯ дар ин кор кумак мекард, боздошт намудаанд.

Ба иттилои сомонаи шаҳри Перм

59.ru

 , боздоштшуда дар Тоҷикистон ба фаъолияти эҷодӣ машғул буда, дар озмун ва чорабиниҳои омммавии фарҳангӣ иштирок мекардааст ва ҳамчунин наворҳои видеоии сурудхонишаро сабт мекардааст.

Гуфта мешавад, дар мурофиаи додгоҳӣ чор далели иштироки ӯ дар фурӯши  беш аз 320 грамм героин исботи худро ёфта, бо ҳалномаи суд овозхон ба 16 соли зиндони низомаш шадид ва ҷарима дар ҳаҷми 500 ҳазор рубл маҳкум шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.