Дар вилояти Хатлон гумонбарон ба дуздии қариб як рама чорво боздошт шуданд, ки ин амали худро дар остонаи фарорасии соли нави 2016 содир кардаанд.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, шаби 27 ба 28 декабри соли 2015 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои бекорхобидаи деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ 67 сар моли майдаи шохдори муталлиқ ба марди 50-солаи сокини ноҳияи мазкурро дуздидаанд, ки арзиши умумии моли зикргардида бо нархи бозор 35 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ санаи 21 январи соли 2016 аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрвандон: марди 31-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Румӣ, марди 33-солаи сокини ноҳияи Бохтар, ки пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст ва марди 35-солаи сокини ш.Қӯрғонтеппа, ки ҳамчунин қаблан бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ қисман гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.



