Кумаки сафорати ИМА ба мақомоти интизомии Тоҷикистон дар таъмини амният



Рӯзи шанбе, 23 январ сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе ва Вазорати корҳои дохилӣ 



дар сафорат 


машқҳо оид ба таъмини тадбирҳои амниятиро гузарониданд.

Бино ба иттилои сафорати ИМА дар ҶТ, машқҳои мазкур авҷи давраи омӯзишие шуданд, ки аз ҷониби Идораи амнияти минтақавии Сафорати ИМА барои баланд бардоштани иқтидору омодагии қувваҳои таъиноти махсуси Вазорат ба ҳолатҳои фавқулода маблағгузорӣ шуд.

Гуфта мешавад, давраи омӯзишии мазкур аз мавзӯъҳои истифодаи асосноки қувва, усулҳои дастгир кардан, ҳаракатҳои тактикӣ, таъмини алоқа ва расондани ёрии аввалии тиббии таъҷилӣ иборат буд.

Зимнан зикр мегардад, ки сафорати ИМА дар соли 2016 бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҷиҳати гузарондани якчанд давраҳои омӯзишӣ ҳамкорӣ хоҳад кард.

spot_imgspot_img

Популярное