Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) ё худ Дидбони ҳуқуқи башар рӯзи чоршанбе
гузориши
ҳамасолаи худ дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар 90 кишвари дунёро ба нашр расонид. Дар гузориш «бадтар» шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2015 қайд мешавад.
Ҳомиёни ҳуқуқи HRW зикр мекунанд, ки соли гузашта ҳукуматдорони Тоҷикистон Ҳизби пешрафтаи мухолифи кишвар (Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – эзоҳи «Азия-Плюс»)-ро террористӣ эълон карда, фаъолияти ин ҳизб манъ ва ҳудуди 200 нафар фаъолони он ба ҳабс гирифта шуданд.
Ғайр аз ин, дар гузориш доир ба рабуда шудан ва истирдоди мунаққидони ҳукумати Тоҷикистон аз кишварҳои дигар ва ҳамчунин таъқиб ва тарсонидани адвокатҳо, журналистон ва намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ сухан меравад.
Ҳамчунин муаллифони гузориш изҳор мекунанд, ки давоми сол ҳукуматдорони Тоҷикистон мунтазам дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии сершуморро қатъ мекарданд.
Илова бар ин, бо истинод ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар бораи чандин ҳолатҳои шиканҷа ва кирдори бераҳмона дар муассисаҳои боздошти пешакӣ ва зиндонҳои ҷумҳурӣ маълумот дода мешавад.
Дар хабари нашршуда дар ин робита дар
сомонаи Радиои Озодӣ
доир ба бахшҳои ин гузориш дар бораи Тоҷикистон маълумоти муфассалтар дарёфт карда метавонед.



