HRW: Вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бадтар шуд

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) ё худ Дидбони ҳуқуқи башар рӯзи чоршанбе гузориши ҳамасолаи худ дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар 90 кишвари дунёро ба нашр расонид. Дар гузориш «бадтар» шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2015 қайд мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқи HRW зикр мекунанд, ки соли гузашта ҳукуматдорони Тоҷикистон Ҳизби […]

ASIA-Plus



Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) ё худ Дидбони ҳуқуқи башар рӯзи чоршанбе


гузориши


ҳамасолаи худ дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар 90 кишвари дунёро ба нашр расонид. Дар гузориш «бадтар» шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2015 қайд мешавад.

Ҳомиёни ҳуқуқи HRW зикр мекунанд, ки соли гузашта ҳукуматдорони Тоҷикистон Ҳизби пешрафтаи мухолифи кишвар (Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – эзоҳи «Азия-Плюс»)-ро террористӣ эълон карда, фаъолияти ин ҳизб манъ ва ҳудуди 200 нафар фаъолони он ба ҳабс гирифта шуданд.

Ғайр аз ин, дар гузориш доир ба рабуда шудан ва истирдоди мунаққидони ҳукумати Тоҷикистон аз кишварҳои дигар ва ҳамчунин таъқиб ва тарсонидани адвокатҳо, журналистон ва намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ сухан меравад.

Ҳамчунин муаллифони гузориш изҳор мекунанд, ки давоми сол ҳукуматдорони Тоҷикистон мунтазам дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии сершуморро қатъ мекарданд.

Илова бар ин, бо истинод ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар бораи чандин ҳолатҳои шиканҷа ва кирдори бераҳмона дар муассисаҳои боздошти пешакӣ ва зиндонҳои ҷумҳурӣ маълумот дода мешавад.

Дар хабари нашршуда дар ин робита дар

сомонаи Радиои Озодӣ

доир ба бахшҳои ин гузориш дар бораи Тоҷикистон маълумоти муфассалтар дарёфт карда метавонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.