Меҳмонхонаи «Серена Душанбе» беҳтарин меҳмонхонаи Тоҷикистон дар соли 2015 эълон гардида, ба мукофоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ сазовор дониста шуд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ба хотири саҳмгузорӣ дар рушди туризми Тоҷикистон, ки чанде қабл доир гардид, «саҳми махсуси меҳмонхонаи «Серена Душанбе» дар рушди туризм дар Тоҷикистон дар бахши меҳмонхонадорӣ ва сифити баланди хизматгузории меҳмонхона қайд шуда, меҳмонхонаи «Серена-Душанбе» ба унвони «Беҳтарин меҳмонхона дар мусоидат ва рушди туризм» ноил гашт. Ҳамчунин «дастгирӣ аз ҷониби меҳмонхона дар амалисозии Барномаи миллии рушди туризм» таъкид шуд.
«Ин мукофот таҷассуми талошҳои мо баҳри ҷалби ҳарчи бештар сайёҳони хориҷӣ ба кишвар тавассути пешниҳоди хизматгузории дараҷаи байнулмилалӣ аст. Он ҳамчунин баёнгари стратегияи саҳмиядорони мо оид ба рушди имконоти беохир, вале то ҳол кам кашфшудаи сайёҳии ин кишвари аҷиб аст», – қайд кардааст менеҷери генералии меҳмонхонаи «Серена Душанбе» Филипп Дуклер. – Меҳмонхонаи мо ҳамеша ба иштирок дар чорабиниҳои ҳукумат, ки ба рушди туризм – қисмати (сегменти) муҳими иқтисод нигаронида шудаанд, омода аст».
Қобили зикр аст, ки қаблан меҳмонхонаи «Серена Душанбе» аз рӯи фарзияи World Travel Award (Гонконг) «Беҳтарин меҳмонхонаи Тоҷикистон 2015» ва аз рӯи фарзияи сомонаи дар ҷаҳон маъруфи сайёҳон «TripAdvisor® » «Беҳтарин меҳмонхонаи Тоҷикистон 2014-2015» номбар шуда, аз рӯи фарзияи сомонаи дар ҷаҳон маъруфи Booking.com барои «Беҳтарин арзёбиҳои сайёҳон 2015» соҳиби мукофот шуд.
Меҳмонхонаи «Серена Душанбе» 95 ҳуҷраи дараҷаи люкс ва апартаментҳо, толорҳои конфронс, фитнес-клуб бо спа-салон ва ҳавзи шиноварӣ дар бом ва ҳуҷраҳои корӣ пешниҳод мекунад.
Меҳмонхона як қисмате аз шабакаи Созмони Оғо Хон оид ба рушд аст, ки аз як қатор лоиаҳои комили рушди тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ дар саросари Тоҷикистон иборат аст.
Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки айни замон дар меҳмонхонаи «Серена Душанбе» 200 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин карда шудаанд.



