Ҷаласаи Комиссияи ҳукумат оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо



Дар толори маҷлисгоҳи Маркази худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар»-и РБДА ВКД рӯзи 28 январ ҷаласаи Комиссияи ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо баргузор гардид, ки дар кори он Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Вазири нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон, муовинони вазирони мудофиа, молия, нақлиёт, адлия, рушди иқтисод, кишоварзӣ, тандурустӣ, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, маориф ва илм, муовинони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, телевизион ва радио, ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҳифзи муҳити зист, андоз, меъморӣ ва сохтмон, Хадамоти гумрук, Раиси Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта», ҳамчунин дар толори дигар ба таври мустақим масъулини Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҷаласаро Раиси Комиссия Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, иштирокчиёни онро барои ташриф ба Вазорати корҳои дохилӣ хайра мақдам гуфт.

Мавсуф зимни суханрониаш қайд кард, ки бо мақсади ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти дахлдори соҳаи таъмини ҳаракат дар роҳ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2003, таҳти рақами 221 Комиссияи ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо таъсис  дода шудааст.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2014, таҳти рақами 522 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  13  майи  соли  2003», таҳти рақами 221 «Комиссияи ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо» фаъолияти минбаъдаи худро зери роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ роҳандозӣ менамояд.

Таҳлилу омўзиши амиқи масъала нишон медиҳад, ки ҳолати бехатарии ҳаракат дар роҳҳои ҷумҳурӣ ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти дахлдорро талаб менамояд. Дар ин раванд, соли 2013 ду  маротиба ҷаласаи Комиссияи ҳукуматӣ доир гашта, аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор супоришҳои мушаххас дода шудаанд.

Бо мақсади мустаҳкам кардани заминаи меъёрию ҳуқуқии фаъолияти Комиссия бошад, Низомномаи он дар соли 2013 такмил  дода шуда, дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ комиссияҳои минтақавӣ аз нав таъсис дода шуданд.

Тибқи қарори ҷаласаи Комиссия гурўҳи корӣ оид ба омода  намудани лоиҳаи «Барномаи беҳдошти ҳаракат дар роҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016» таъсис дода шуд, ки аз ҷониби масъулин лоиҳаи Барнома ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 372 аз 3 июни соли 2014, тасдиқ гардида, ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ барои иҷро ирсол карда шудааст ва дар айни замон мавриди амал қарор дорад.

Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ гардида истодааст, ки он ба беҳтар шудани риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо мусоидат менамояд.

Дар марҳилаи дуюми лоиҳаи «Шаҳри бехатар» сохтмони иншоотҳои чароғакҳои роҳнамо ва политсияи электронӣ, инчунин насби таҷҳизоти банаворгирӣ аз 71 чорроҳаҳои ба нақша гирифташуда, дар 70-тоаш корҳо ба итмом расонида, ба Марказ пайваст карда  шудааст.

Дар идомаи ҷаласа вобаста ба камбудиву норасогиҳои дар самтҳои алоҳидаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, аъзои комиссияи ҷумҳуриявӣ – сардори Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид, бо маърузааш мушаххас ибрози назар намуд.

Қайд гардид, ки тибқи таҳлилҳо шумораи бештари ҳалокат ва маҷрӯҳии иштирокчиёни роҳ дар зеркунии пиёдагардон (34% аз ҳисоби умумӣ) ба қайд гирифта шудаанд. Инчунин, суръати баланди ҳаракат аз ҷониби ронандаҳои воситаҳои нақлиёт аз бештари қоидавайронкуниҳо ба ҳисоб меравад.

Дар ҷаласа, ҳамчунин Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон, сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои вазорати зикргардида Зиёев Абдуллоҷон, сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Неъматзода Фаррух баромад намуда, нисбати вазъи имрӯзаи роҳу нақлиёт, таъмини ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум дар мавсими зимистони соли равон, нақшаи марҳила ба марҳила беҳтарсозии вазъи роҳҳои кишвар ва дигар мушкилоти ҷойдошта дар ин самт фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.

Иштирокчиёни ҷаласа, масъалаҳои мубрами рӯз, тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои кишвар, хусусан пойтахти ҷумҳурӣ, сабабу омилҳои баамалоии ҳодисаҳои садаманокӣ, ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ва беҳтар намудани фаъолият дар ин самтҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд. 

Яке аз сабабу омилҳои мусоидаткунандаи қоидавайронкуниҳо ин сатҳи пасти донишҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби иштирокчиёни роҳ, чи пиёдагардон ва чи ронандаҳои воситаҳои нақлиёт ҳисоб меёбад. Бинобар ин, зарур шуморида шуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар омӯзиши Қоидаҳои ҳаракати роҳ ҷоннок карда шавад. Дар самти омодакунии ронандагон ва мутахассисони соҳаи нақлиёт аъзоёни Комиссия гурӯҳи кории салоҳиятнокро интихоб намуданд, ки он фаъолияти Омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва дигар муассисаҳои ба омодакунии ронандагон масъулро мунтазам таҳти санҷиш ва назорат қарор хоҳад дод.

Тамоми аъзоёни Комиссия ба хулосае омаданд, ки барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта, беҳтар ба роҳ мондани назорати ҳаракат дар роҳҳо, пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ ҳамоҳангсозӣ ва ҳамбастагии тамоми идораву мақомотҳои дахлдори ҷумҳурӣ лозим аст. 

Бо ин мақсад нақшаи кории Комиссия барои соли 2016 омода шуда, ҳар семоҳа баргузор намудани чунин ҷаласаҳоро мувофиқи мақсад донистанд. 

Аз натиҷаи баргузории ҷаласа бо назардошти масъалаҳои баррасишаванда ва таклифу пешниҳодҳои аъзоёни Комиссия протоколи ҷаласа тартиб дода шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.   

spot_imgspot_img

Популярное