Баррасии гуфтушунидҳои Кобул бо Толибон дар Исломобод

Вазорати корҳои хориҷии Покистон изҳор доштааст, ки намояндагони Афғонистон, Покистон, Чин ва ИМА масъалаи дубора аз сар гирифтани гуфтушунидҳо миёни Кобули расмӣ ва ҳаракати «Толибон»-ро баррасӣ мекунанд. Бино ба иттилои васоити ахбори умум, сухангӯи Вазорат Қозӣ Халилуллоҳ дар ин робита қайд кардааст, ки дар вохӯрии рӯзи 6 феврал дар Исломобод таҳияи тарҳи сулҳомези ҳалли қазияи […]



Вазорати корҳои хориҷии Покистон изҳор доштааст, ки намояндагони Афғонистон, Покистон, Чин ва ИМА масъалаи дубора аз сар гирифтани гуфтушунидҳо миёни Кобули расмӣ ва ҳаракати «Толибон»-ро баррасӣ мекунанд.

Бино ба иттилои васоити ахбори умум, сухангӯи Вазорат Қозӣ Халилуллоҳ дар ин робита қайд кардааст, ки дар вохӯрии рӯзи 6 феврал дар Исломобод таҳияи тарҳи сулҳомези ҳалли қазияи Афғонистон дар назар аст. Ин сеюмин ба ин монанд вохӯриҳост, ки тайи чанд ҳафтаи ахир доир мегардад.

Халилулоҳ гуфтааст, дар доираи роҳандозии ин талошҳо нахуствазири Покистон Навоз Шариф ба наздикӣ ба Қатар сафар мекунад. Аз ҷузъиёти сафари қарибулвуқӯъи Навоз Шариф маълумот дода нашудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Покистон ин маълумотро пас аз чанд рӯз дар ҳоле расонаӣ кард, ки иттиҳодияи афғонии ҳаракати «Толибон» изҳор дошт, ки дар гуфтушунидҳо ин иттиҳодияро танҳо «намояндагии сиёсӣ»-и он дар Қатар намояндагӣ карда метавонад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".