Баррасии масоили ҳамкории Душанбе ва Кишинёв дар Маскав



Зимни мулоқоти рӯзи 28 январи сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо сафири тозатаъини Молдова дар Русия Думитру Брагиш масоили муҳиму рӯзмарраи рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Молдова мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Маскав, дар ҷараёни вохӯрӣ изҳори итминон шуд, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонаи мардуми Тоҷикистону Молдова, ки манфиат ва ҳадафҳои умумӣ доранд, минбаъд низ ба таҳкими ҳамкории мутақобилаи кишварҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва соҳаи гуманитарӣ мусоидат хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот атрофи вазъ дар минтақа ва ҷаҳон табодули назар сурат гирифта, ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное