Муҷозоти беш аз 20 корманди мақомоти Русия барои фирори маҳбуси тоҷик

Нисбати беш аз 20 корманди Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия дар робита ба фирори шаҳрванди Тоҷикистон аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Маскав чораҳои интизомӣ андешида мешаванд. Бино ба иттилои ВАО-и Русия бо истинод ба хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии Русия, сардори тавқифгоҳи муваққатии №5, роҳбарони дастгоҳи Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия дар Маскав, дар маҷмӯъ […]

ASIA-Plus



Нисбати беш аз 20 корманди Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия дар робита ба фирори шаҳрванди Тоҷикистон аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Маскав чораҳои интизомӣ андешида мешаванд.

Бино ба

иттилои

ВАО-и Русия бо истинод ба хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии Русия, сардори тавқифгоҳи муваққатии №5, роҳбарони дастгоҳи Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия дар Маскав, дар маҷмӯъ 24 нафар кормандони Хадамот ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Гуфта мешавад, фирор дар натиҷаи дағалона риоя нашудани тартиби берун овардани маҳбусон аз ҳуҷраҳои зиндон имконпазир шудааст. Айни замон масъалаи оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи хунукназарӣ мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон Маъруф Одинаев ба иттиҳоми суиқасди фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят зиёд (қисми 1-и моддаи 30 қисми 5-и моддаи 228-1-и Кодекси ҷиноии Русия) ба ҳабс гирифта шуда буд.

Рӯзи 13 январ ӯ бо истифода аз монандии худ ба маҳбуси дигар дар ҳуҷраи зиндон, ки бояд барои анҷоми муҳлати ҳабсаш озод мешуд, бидуни монеъа нуқтаи гузаргоҳро гузашта, 

аз тавқифгоҳ гурехта буд

. Эҳтимол меравад, барои дар маҳбас боқӣ мондан ба ҷоойи худаш, ӯ ба маҳбуси шиносаш маблағи пулӣ додааст.

Ба кормандони фаврӣ ва таъиноти махсуси Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазо дар Маскав баъди чор рӯзи фирор муяссар шуд Маъруф Одинаевро

боздошт намоянд

. «Рӯзи 17 январи соли 2016 дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамроҳ бо дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Одинев Маъруф боздошта шуд», – 

хабар дода шуда буд

 дар сомонаи Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазо дар Маскав. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.