Коҳиши воридоти орд аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли он дар дохили ҷумҳурӣ

Тоҷикистон тадриҷан ҳаҷми воридоти ордро коҳиш дода, ҳаҷми воридоти гандумро, ки минбаъд дар дохили ҷумҳурӣ коркард мешавад, афзун мекунад. Сардори Раёсати савдо ва хизматрасониҳои Агентии омори назди президенти ҶТ Фирдавс Асматбеков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нисбат ба соли 2014 соли гузашта ҳаҷми воридоти орд ба ҷумҳурӣ қариб 26% кам шуда, дар […]



Тоҷикистон тадриҷан ҳаҷми воридоти ордро коҳиш дода, ҳаҷми воридоти гандумро, ки минбаъд дар дохили ҷумҳурӣ коркард мешавад, афзун мекунад.

Сардори Раёсати савдо ва хизматрасониҳои Агентии омори назди президенти ҶТ Фирдавс Асматбеков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нисбат ба соли 2014 соли гузашта ҳаҷми воридоти орд ба ҷумҳурӣ қариб 26% кам шуда, дар ҳамин ҳол, воридоти гандум тақрибан 11% афзудааст.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2015 ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 57,1 млн. доллари ИМА беш аз 140 ҳазор тонна (соли 2014 – 189 ҳазор тонна ба маблағи 77,6 млн. $0) орд ворид карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Асматбеков афзоиши ҳаҷми воридоти гандум дар соли гузашта дар муқоиса бо соли 2014-ро қайд кард. «Соли 2015 ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 244,5 млн. доллари ИМА қариб 859 ҳазор тонна (соли 2014 – ҳудуди 775 ҳазор тонна ба маблағи 231,3 млн. $) гандум ворид гардид», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи намояндаи Агентии омор, кишвари асосии воридкунандаи орду гандум ба ҷумҳурӣ Қазоқистон боқӣ мемнад, ки соли гузашта ба Тоҷикистон аз ин давлат зиёда аз 139 ҳазор тонна (98,9% аз ҳаҷми умумӣ) орд ва ҳудуди 857 ҳазор тонна (99,8%) гандум интиқол дода шудааст.

Вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шавкат Бобозода дар мавриди ин масъала изҳор дошт, ки имрӯз қариб дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон коргоҳҳои муосири истеҳсоли орд амал мекунанд.

«Бо дастури ҳукумат аз ҳисоби воситаҳои давлат қариб дар тамоми минтақаҳо корхонаҳои коркарди гандум сохта шудаанд, ки бо технологияи навтарин муҷаҳҳазанд. Айни замон беш аз 50 чунин корхонаҳо дар саросари кишвар фаъолият доранд»,- гуфт вазир рӯзи чоршанбе ба журналистон.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, талаботи Тоҷикистон ба орд 1,5 млн. тонна дар як солро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.