Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон сабаби болоравии нархи бензин дар ҷумҳурӣ дар шароити поинравии нархҳои ҷаҳонӣ ба нафтро шарҳ дод.
Сардори Раёсати танзими монополияҳои табиии Хадамот Саидалӣ Зарифзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон бо назардошти ҳамлу нақл, андозҳои аксизӣ ва дигар хароҷот, як литр бензини «навъи мардумӣ»-и АИ-92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и пойтахт 5,35 сомонӣ ва гази моеъ – 3,35 сомонӣ нарх доранд.
Ба гуфтаи ӯ, арзиши 1 тонна бензини навъи АИ-92 дар моҳи сентябри соли гузашта 45 ҳазор рубл, моҳи декабр – 33 ҳазор рубл ва 21 январи соли ҷорӣ – 31 ҳазор рублро ташкил додааст.
«Аммо барои харидани бензин ба мо доллар лозим аст. Агар моҳи сентябри соли гузашта қурби доллар 6,32 сомониро ташкил медод, айни замон танҳо қурби расмӣ ба 7,84 сомонӣ расида, дар ташкилотҳои қарзии тиҷоратӣ аз 8 сомонӣ ҳам зиёдтар аст», – қайд кард С.Зарифзода.
Ӯ қайд кард, ки арзиши ҳар як тонна бензини русиягии навъи АИ-92 то марзи гумрукии Тоҷикистон 478 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. «Бо назардошти аксиз, андозҳо ва хароҷоти нақлиёт, дар дохили ҷумҳурӣ арзиши аслии ин навъи бензин то 5,35 сомонӣ мерасад. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт айни замон бензини навъи АИ-92 бо нархи 5,20 сомонӣ барои 1 литр фурӯхта мешавад», – иброз дошт корманди Хадамот.
Зарифзода таъкид дошт, ки моҳи сентябри соли гузашта арзиши аслии бензин 6,4 сомониро ташкил медод, вале Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо нархи аз 5,6 сомонӣ болотар фурӯхтани он иҷозат надод.
Дар робита ба арзиши гази моеъ Зарифзода қайд кард, ки айни замон дар НФС-и кишвар ин навъи сӯзишворӣ бо арзиши 3-3,3 сомонӣ фурӯхта мешавад. «Дар марзи гумрукии Тоҷикистон нархи 1 тонна гази моеъ 450 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Баъди анҷоми тамоми расмиёт дар дохили Тоҷикистон, арзиши аслии 1 литр гази моеъ ба 3,35 сомонӣ баробар мешавад», – афзуд номбурда.
Қобили зикр аст, ки соли 2015 ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 147 млн. доллари ИМА 336,3 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст.
Ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ 66 субъект, аз ҷумла «Фароз» – 12,1%, «Алфагаз» – 8,9%, «Газпромнефт Тоҷикистон» – 8,6%, «Темур Ойл» – 6,1%, «Газ Ойл» – 4%, «Умед-88»- 3% ва ғайра мебошанд.
Дар мавриди масъалаи сӯзишвории авиатсионӣ Зарифзода изҳор намуд, ки тайи соли ахир нарх ба ин навъи сӯзишворӣ 305 доллари ИМА поин рафта, 1 ҳазору 385 доллари ИМА барои 1 тоннаро ташкил додааст. «Ин имкон дод, ки нархҳо ба билетҳои ҳавопаймоӣ поин бурда шаванд», – илова кард корманди Хадамоти зиддиинҳисорӣ.





