Маркази ягонаи коммуникатсионӣ барои таъмини амнияти кишвар таъсис ёфт

– Маркази ягонаи коммуникатсионӣ ба он хотир таъсис дода шуд, ки алоқаи барқӣ аз ҷониби созмонҳои террористиву ифротгаро истифода нашавад, – изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон. Ёдрас мекунем, ки соли 20006 дар баҳси Хадамоти зиддинҳисорӣ бо Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ (он замон Вазорати алоқа) ҳукумати кишвар нияти аз […]

Меҳрангез Турсунзода



– Маркази ягонаи коммуникатсионӣ ба он хотир таъсис дода шуд, ки алоқаи барқӣ аз ҷониби созмонҳои террористиву ифротгаро истифода нашавад, – изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки соли 20006 дар баҳси Хадамоти зиддинҳисорӣ бо Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ (он замон Вазорати алоқа) ҳукумати кишвар нияти аз ҷониби Вазорати алоқа таъсис додани Маркази ягонаи коммуникатсионӣ ва дастгоҳи дастрасӣ ба захираҳои иттилоотиро ғайриқобили қабул ва мухолиф ба қонунгузории Тоҷикистон эътироф карда буд.

«Ҳукумати ҶТ бори дигар сиёсати худ баҳри рушди соҳибкории озод дар бахши алоқаи барқӣ дар шароити рақобати мунсифона ва роҳ надодан ба монополия дар ин бахшро тасдиқ кард», – зикр гардида буд соли 2006.

Ба гуфтаи Одиназода, аммо имрӯз Маркази ягонаи коммуникатсионӣ ба хотири таъмини амнияти кишвар таъсис дода мешавад. «Маркази мазкур барои субъектҳои машғул ба фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ намекунад. Фаъолияти ин марказ аз ҷониби хадамоти зиддиинҳисорӣ назорат мешавад. Ҳамаи нархҳо бо мо мувофиқа мешаванд. Ин марказ танҳо зангҳои вуруд ва хурӯҷи алоқаи барқиро ба хотири таъмини амният назорат мекунад», – қайд кард Н.Одиназода.

Қобили зикр аст, ки нимаи моҳи январ ҳукумати Тоҷикистон қарор «Дар бораи Маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ»-ро

ба тасвиб расонид

. Дар матни қарор, ки дар нашрияи ҳукумат 

«Ҷумҳурият»

 интишор шудааст, гуфта мешавад, маркази мазкур «бо мақсади таъмини назорат ва танзими трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет ташкил карда мешавад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.