Пешсафии Тоҷикистон миёни кишварҳои пасошӯравӣ аз рӯи болоравии қурби доллар



Моҳи гузашта қурби расмии арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 12,19% поин рафт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, 31 декабри соли гузашта қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМа 6.9902/1 сомониро ташкил дода буд. Ахири моҳи январи соли равон бошад, қурби он то 7.8424 сомонӣ (барои 1 $) боло рафт.

Дар ҳамин ҳол, мутобиқи таҳлили маълумоти мақомоти миллии омор, ки аз ҷониби

БелаПАН

гузаронида шудааст, миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон аз рӯи болоравии қурби расмии доллари ИМА дар моҳи январи соли ҷорӣ зинаи якумро ишғол кардааст.

Дар кишварҳои дигар андозаи болоравии қурби доллари ИМА тариқи зайл нишон дода шудааст: Беларус – 12,4%, Қазоқистон – 7,46%, Молдова – 4,81%, Украина – 4,80%, Гурҷистон – 3,22%, Русия – 3,14%, Озарбойҷон – 2,65%, Арманистон – 1,03%, Ӯзбекистон – 0,77%, Латвия, Литва ва Эстония – 0,29% ва Қирғизистон – 0,02%. Дар Туркманистон ва Приднестрове қурби доллар тағйир наёфтааст.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи натиҷаҳои соли 2015 Тоҷикистон аз рӯи суръати болоравии қурби расмии доллар дар паҳнои пасошӯравӣ зинаи панҷумро ишғол карда буд.

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, соли гузашти аз рӯи қурби расмӣ сомонӣ нисбати доллар ба андозаи 31,7% беқурб шуд. 

spot_imgspot_img

Популярное