Пешсафии Тоҷикистон миёни кишварҳои пасошӯравӣ аз рӯи болоравии қурби доллар

Моҳи гузашта қурби расмии арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 12,19% поин рафт. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, 31 декабри соли гузашта қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМа 6.9902/1 сомониро ташкил дода буд. Ахири моҳи январи соли равон бошад, қурби он то 7.8424 сомонӣ (барои 1 $) боло рафт. Дар ҳамин […]



Моҳи гузашта қурби расмии арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 12,19% поин рафт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, 31 декабри соли гузашта қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМа 6.9902/1 сомониро ташкил дода буд. Ахири моҳи январи соли равон бошад, қурби он то 7.8424 сомонӣ (барои 1 $) боло рафт.

Дар ҳамин ҳол, мутобиқи таҳлили маълумоти мақомоти миллии омор, ки аз ҷониби

БелаПАН

гузаронида шудааст, миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон аз рӯи болоравии қурби расмии доллари ИМА дар моҳи январи соли ҷорӣ зинаи якумро ишғол кардааст.

Дар кишварҳои дигар андозаи болоравии қурби доллари ИМА тариқи зайл нишон дода шудааст: Беларус – 12,4%, Қазоқистон – 7,46%, Молдова – 4,81%, Украина – 4,80%, Гурҷистон – 3,22%, Русия – 3,14%, Озарбойҷон – 2,65%, Арманистон – 1,03%, Ӯзбекистон – 0,77%, Латвия, Литва ва Эстония – 0,29% ва Қирғизистон – 0,02%. Дар Туркманистон ва Приднестрове қурби доллар тағйир наёфтааст.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи натиҷаҳои соли 2015 Тоҷикистон аз рӯи суръати болоравии қурби расмии доллар дар паҳнои пасошӯравӣ зинаи панҷумро ишғол карда буд.

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, соли гузашти аз рӯи қурби расмӣ сомонӣ нисбати доллар ба андозаи 31,7% беқурб шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.