Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Тоҷикистон даъвати панҷум тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» баррасӣ мешаванд;

– Кумитаи давлатии сармоягузорӣва идораи амволи давлатии ҶТ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2015 нишасти хабарӣ барпо мекунад. Оғоз соати 11-00;

– Нишасти хабарии раҳбарияти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2015. Оғоз соати 09-00;

– Бонки аврупоии таҷдиду рушд дар ҳамдастӣ бо Барномаи озмоишии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фондҳои сармоягузории иқлимӣ ба лоиҳаи маблағгузорӣ ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон – CLIMADART ҳусни оғоз мебахшанд.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.8398

сомонӣ;


1

евро –

8.5689

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.10


28



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1929

– Ифтитоҳи Конфронси II-юми вилоятии Тоҷикистон, ки дар он нақшаи панҷсолаи якуми рушди хоҷагии халқи ҷумҳурӣ маъқул шуморида шуд.


2011

– Нахуствазир Оқил Оқилов дар бораи эҳёи шаҳраки нақбканони Шӯроб дастур дод.


1918

– Зодрӯзи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Тоҷихон Султонова.


1921

– Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Оиша Абдулазизова.


1918

— Мавлуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тоҷихон Султонова.


1940

– Зодрӯзи доктори улуми иқтисод, собиқ нахуствазири Тоҷикистон Ҷамшед Каримов.


1943

– Мавлуди олим Абдусами Солиев.


1944

– Зодрӯзи шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон Шодӣ Саттор.


1949

– Мавлуди коргардон, Арбоби шоистаи фарҳанг Баҳриддин Сайфиддинов.


1952

– Зодрӯзи ҳуқуқшинос, арбоби давлатӣ, вакил Убайдулло Давлатов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -3+2.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона +2+7.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -7-12, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -20-25, рӯзона -10-15.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона 0+5. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +11+13.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +11+13.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +8+10.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -13-15, рӯзона -1-3.

spot_imgspot_img

Популярное