Раиси тозатаъини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Идигул Қосимзода имрӯз ба журналистон иттилоъ дод, ки тайи панҷ соли ахир бори нахуст маълумоти оморӣ гувоҳи онанд, ки шумори талоқ дар Тоҷикистон кам шудааст.
Ҳамин тариқ, ба гуфтаи ӯ, соли 2015 дар ҷумҳурӣ 8 ҳазору 356 далели бекор шудани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2014 776 ҳолат камтар мебошад. «Дар ҳамин ҳол, соли 2015 дар кишвар 77 ҳазору 20 ақди никоҳ баста шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2014 18 ҳазору 458 ҳолат камтар аст», – иброз дошт ӯ.
Раиси Кумита ҳамчунин изҳор дошт, ки соли гузашта 89 нафар духтарони ноболиғ издивоҷ кардаанд, ки нисбат ба соли пешин 20 далел камтар аст. «Соли гузашта 179 нафар занони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ӯзбекистон, Чин ва Эрон ақди никоҳ бастанд», – иброз дошт И.Қосимзода.
Зимнан зикр гардид, ки соли 2015 дар Кумита ҳуҷраи равоншинос ба фаъолият оғоз намуда, ба он баҳри кумаку дастгирӣ ва машварат 82 нафар муроҷиат кардаанд, ки 17 нафарашон мардонанд. «Ба равоншиносон занон дар робита ба ҳодисаҳои хушунату зӯроварӣ дар хонавода ва мардон бинобар сабаби надоштани ҷойи корӣ ва мушкилоти оилавӣ муроҷиат карданд», – афзуд раиси Кумита.





