Кумаки Таиланд ба осебдидагон аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон

Барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиие, ки соли гузашта дар ВМКБ ва дигар ноҳияҳои баландкӯҳи Тоҷикистон рух доданд, ҳукумати Шоҳигарии Таиланд тавассути Сафорати худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Остона кумаки фаврии молиявиро тақдим намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, маросими тақдими кумаки мазкур рӯзи 30 январи соли 2016 дар қароргоҳи Сафорати Ҷумҳурии […]



Барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиие, ки соли гузашта дар ВМКБ ва дигар ноҳияҳои баландкӯҳи Тоҷикистон рух доданд, ҳукумати Шоҳигарии Таиланд тавассути Сафорати худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Остона кумаки фаврии молиявиро тақдим намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, маросими тақдими кумаки мазкур рӯзи 30 январи соли 2016 дар қароргоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Назирмад Ализода сипоси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро изҳор намуда, таъкид кардааст, ки кумаки тақдимшуда ҳамдилӣ ва равобити наздики мардумони ду кишвари дӯстро таҷассум мекунад ва ҷиҳати рушду таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Таиланд саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.