Агентии зиддифасод: адвокат Солиҷон Ҷӯраев дурӯғ мегӯяд

Муовини роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Илёс Идизода имрӯз ба журналистон дар шарҳи аризаи адвокат Солиҷон Ҷӯраев оид ба шаҳрванди Чин, директори ҶДММ «Сад Дарё» Ин Сюандэ, ки рӯзи 16 июли соли 2015 аз ҷониби Агентии мазкур дар Душанбе ба ҳабс гирифта шуд, изҳор намуд, ки дар ин изҳорот адвокат […]



Муовини роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Илёс Идизода имрӯз ба журналистон дар шарҳи

аризаи адвокат Солиҷон Ҷӯраев

оид ба шаҳрванди Чин, директори ҶДММ «Сад Дарё» Ин Сюандэ, ки рӯзи 16 июли соли 2015 аз ҷониби Агентии мазкур дар Душанбе ба ҳабс гирифта шуд, изҳор намуд, ки дар ин изҳорот адвокат ба дурӯғи маҳз роҳ дода, афкори ҷамъиятиро ба гумроҳӣ андохтанист.

Ба гуфтаи муовини роҳбари Агентӣ, шаҳрванди Чин барои он ба ҳабс гирифта шуд, ки бо миёнаравии тарҷумонаш ба корманди Агентӣ 3 млн. сомонӣ пора доданӣ буд, зеро ин корманд фаъолияти моливу хоҷагидории «Сад Дарё»-ро месанҷид.

«Адвокат дурӯғ мегӯяд, ки муддати 6 моҳ ба шаҳрванди ҳабсшудаи Чин айбнома пешниҳод нашудааст, – қайд кард Идизода. – Пас аз 10 рӯзи боздошт ба ӯ айбнома пешниҳод шуда буд».

Дар идома намояндаи Агентии зиддифасод зикр кард, ки шаҳрванди боздоштшудаи Чин ҳеҷ гоҳ ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузор набуд. «Ҳамаи воситаҳои ҶДММ «Сад Дарё» ба давлати мо тааллуқ доранд. Ғайр аз ин, гуфтаҳои адвокат дар бораи ошкор кардан ва ба ҳукуматдорон супурдани порагир – корманди Агентии зиддифасод низ дурӯғанд», – таъкид дошт Идизода.

Дар ин робита ӯ қайд кард, ки корманди Агентӣ худаш ба таври хаттӣ ба роҳбарият муроҷиат кард, ки шаҳрванди Чин ба ӯ пора пешниҳод кардааст. «Гузашта аз ин, пораро шаҳрванди Чин на дар дохили автомашинааш, чуноне ки адвокат мегӯяд, балки дар ҳуҷраи корӣ пешниҳод намуда, ҳамаи ин дар навори видео сабт шудааст», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки имрӯз тафтишот муайян кардааст, ки ҶДММ «Сад Дарё» таҳти раҳбарии шаҳрванди Чин дар ҳаҷми 32,5 млн. сомонӣ зиёни молӣ расонида, ҳамчунин истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои буҷетӣ ба маблағи 16 млн. сомонӣ ошкор шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.