Сарфаи 270 млн. сомонӣ аз ҳисоби коҳиши хароҷоти дуюмдараҷа

Муовини аввали вазири молияи ҶТ Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарӣ қайд кард, ки ҳукумати кишвар имсол низ ба амалисозии нақшаи тадбирҳо оид ба коҳиш додани таъсири буҳрони моливу иқтисодии ҷаҳонӣ идома медиҳад ва ин масъала дар ҷаласаи ҳукумат ва ҳамчунин Вазорати молия баррасӣ шудааст. «Тибқи пешгӯиҳо, имсол аз авҷ ва ба қуллаи баландтарин расидани буҳрон […]



Муовини аввали вазири молияи ҶТ Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарӣ қайд кард, ки ҳукумати кишвар имсол низ ба амалисозии нақшаи тадбирҳо оид ба коҳиш додани таъсири буҳрони моливу иқтисодии ҷаҳонӣ идома медиҳад ва ин масъала дар ҷаласаи ҳукумат ва ҳамчунин Вазорати молия баррасӣ шудааст.

«Тибқи пешгӯиҳо, имсол аз авҷ ва ба қуллаи баландтарин расидани буҳрон интизорӣ меравад, аз ҷумла дар кишварҳое, ки мо бо онҳо робитаҳои зичи иқтисодиву тиҷоратӣ дорем. Аз ин рӯ мо ба амалисозии тадбирҳои зиддибӯҳронӣ идома медиҳем», – гуфт ӯ.

Таъкид шуд, ки аввали соли гузашта ҳукумат нақшаи зиддибуҳронӣ қабул кард, ки дар доираи он аз ҳисоби кормандони вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ амал мекард.

Каримзода зикр кард, ки дар нақшаи зиддибуҳронӣ аз ҷумла сарфаи воситаҳои буҷетӣ аз ҳисоби кам кардани ҳаҷми хароҷотҳои дуюмдараҷа пешбинӣ шудааст. «Ба хароҷотҳои дуюмдараҷа аз ҷониби корхонаву муассисаҳои давлатӣ харидани мебел, автомашинаҳои хизматӣ ва ҳамчунин сохтмони иншооти начандон муҳим ва ғайра дохил мешаванд», – иброз дошт номбурда.

Муовини вазир таъкид дошт, ки соли гузашта аз ҳисоби кам кардани хароҷотҳои дуюмдараҷа 270 млн. сомонӣ маблағ сарфа шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки сарфаи ин маблағҳо ба Агентии захираҳои моддӣ имкон дод, ки корхонаву ташкилотҳои давлатиро бо маҳсулоти нафтӣ ва дигар маводи зарурии нисбатан арзон таъмин кунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.