Вазорати молия: Президент имсол ба афзоиши маошу нафақа дастури мушаххас дод

Муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки барои боло бурдани ҳаҷми нафақаву стипендия ва кумакпулиҳову маоши кормандони бахши буҷети дар нимаи соли равон 620 млн. сомонӣ маблағ зарур аст. Ба гуфтаи ӯ, ин воситаҳо дар қисмати хароҷоти буҷети давлатии кишвар барои нимсолаи дуюми соли 2016 пешбинӣ шуда, дар […]



Муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки барои боло бурдани ҳаҷми нафақаву стипендия ва кумакпулиҳову маоши кормандони бахши буҷети дар нимаи соли равон 620 млн. сомонӣ маблағ зарур аст.

Ба гуфтаи ӯ, ин воситаҳо дар қисмати хароҷоти буҷети давлатии кишвар барои нимсолаи дуюми соли 2016 пешбинӣ шуда, дар маҷмӯъ барои рӯйпӯш сохтани фарқ бо назардошти болоравии пешбинишуда аз 1 июл, ҳамасола 1,3 млрд. сомонӣ маблағи иловагӣ лозим аст.

Каримзода таъкид дошт, ки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар паёми соли гузаштаи худ бо назардошти имкони молӣ ва вазъи иқтисодии кишвар ба афзоиши ҳаҷми маошу нафақа ва стипендияву кумакпулиҳо тавсия дода буд.

Муовини вазир ҳамчунин зикр кард, ки дар паёми имсола сарвари давлат доир ба ин масъала дастурҳои мушаххас дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.