Тоҷикистон қарзаш ба Ӯзбекистонро пурра пардохт

Соли гузашта Тоҷикистон қарзаш ба кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон ва Қазоқистонро пурра пардохт намуд. Муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода дар ин робита изҳор кард, ки аввали соли гузашта ҳаҷми қарзи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон – ҳудуди 8 млн. ва Қазоқистон – 12,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод. Ба иттилои ӯ, дар ҳамин ҳол, ҳаҷми умумии […]



Соли гузашта Тоҷикистон қарзаш ба кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон ва Қазоқистонро пурра пардохт намуд.

Муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода дар ин робита изҳор кард, ки аввали соли гузашта ҳаҷми қарзи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон – ҳудуди 8 млн. ва Қазоқистон – 12,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод.

Ба иттилои ӯ, дар ҳамин ҳол, ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон ба аввали соли равон 2 млрд. 182,65 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ба 27,8% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар (аввали соли гузашта – 22,5%) баробар аст.

Афзоиши ҳаҷми қарзи хориҷии ҷумҳурӣ нисбат ба ММД дар соли гузаштаро Каримзода ба коҳиши ММД-и воқеъӣ нибат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ ва болоравии қурби доллари ИМА нисбати арзи миллӣ нисбат дод. «Соли гузашта ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар қариб ба андозаи 87,8 млн. доллари ИМа афзуд», – иброз дошт номбурда.

Таъкид гардид, ки барои пардохти қарзи беруна бо назардошти қарзи Бонки миллӣ назди Хазинаи байнулмилалии асъор ва қарзҳо бо кафолати давлатӣ, ҳудуди 145 млн. доллари ИМА маблағ равона шудаааст, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосӣ – беш аз 113,1 млн. доллари ИМА ва фоизҳо – ҳудуди 31,4 млн. доллари ИМА.

Мутобиқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар сохтори қарзи хориҷӣ беш аз  1 млрд. 980 млн. доллари ИМА ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматгузориҳои ҳукумати ҷумҳуриро таъмин мекунад.

Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи хориҷӣ ба беш аз 22,7 млн. доллари ИМА баробар буда, ҳудуди 31,5 млн. доллари ИМА-ро қарзҳои корхонаҳои давлатӣ ташкил медиҳанд, ки кафолати давлатӣ надоранд.

Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) назди Хазинаи байнулмилалии асъор, ки барои нигаҳдории мувозинати пардохтҳо ҷалб шуда буд, 130,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми қарзи аз Чин гирифтаи БМТ – 12 млн. доллари ИМА ва аз Бонки исломии рушд дастрасшуда – 5,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Кишвари асосии қарздиҳанда ба Тоҷикистон Чин ба шумор меравад, ки ҳаҷми қарз аз ин давлат зиёда аз 950 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ (беш аз 325 млн. $) ва Бонки осиёгии рушд (277 млн. $) қарздор аст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.