Наимӣ: ҷарима ба ивази ҷавобгарии ҷиноӣ барои пора таҷрибаи ҷаҳонист

Муовини аввали роҳбари Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Алмахон Наимӣ имрӯз ба журналистон изҳор дошт, ки як қатор тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат таҳия ва ба баррасии парлумон пешниҳодшуда ба чанде аз моддаҳои Кодекси ҷиноии ҶТ, ки дар онҳо барои порагириву порадиҳӣ ба ивази ҷавобгарии ҷиноӣ ҷарима пешбинӣ шудааст, дар бисёре аз […]



Муовини аввали роҳбари Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Алмахон Наимӣ имрӯз ба журналистон изҳор дошт, ки як қатор тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат таҳия ва ба баррасии парлумон пешниҳодшуда ба чанде аз моддаҳои Кодекси ҷиноии ҶТ, ки дар онҳо барои порагириву порадиҳӣ ба ивази ҷавобгарии ҷиноӣ ҷарима пешбинӣ шудааст, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мавриди амал қарор дорад.

Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи тағйироту иловаҳо, минбаъд шахсоне, ки барои ҷиноятҳои марбут ба пора маҳкум мешаванд, ба ивази пардохти ҷаримаи пулӣ озод шуда метавонанд. «Ҳаҷми ҷаримаҳои пулиро судҳо муайян карда, ҳамчунин он аз сатҳи вазнинии ҷазо низ вобаста хоҳад буд», – иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки «мо аз ин тағйирот натиҷаҳои мусбат дар мубориза бо ришваситониро интизорем».

Сармушовири ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили ҳуқуқӣ Содиқ Шоҳназаров, ки низ дар нишасти хабарӣ ҳузур дошт, дар ин робита қайд кард, ки «ин тадбири ҳукумати ҷумҳуриро метавон иқдоми башардӯстона арзёбӣ намуд».

Айни замон мутобиқи моддаи 319-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои содир намудани ҷинояти марбут ба порагирӣ ба муҳлати аз 5 то 12 соли маҳрумият аз озодӣ ва дар баъзе ҳолатҳо бо мусодираи амвол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар моддаи 320-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои додани пора ҷазои маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо мусодираи амвол пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.