Фоҳишахонаҳо кам шуданду фоҳишаҳо баръакс зиёд

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ иттилоъ дод, ки сарфи назар аз пурзӯр шудани масъулияту ҷавобгарӣ барои фоҳишагарӣ дар ҷумҳурӣ, шумори фоҳишаҳо дар кишвар кам нашуда, баръакс афзудааст. Ба гуфтаи мутахассиси Кумита Маҳбуба Азимова, соли 2015 шумори фоҳишаҳо дар ҷумҳурӣ 414 нафар зиёд шуда, ба 2 ҳазору 66 нафар расидааст. «Соли гузашта […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ иттилоъ дод, ки сарфи назар аз пурзӯр шудани масъулияту ҷавобгарӣ барои фоҳишагарӣ дар ҷумҳурӣ, шумори фоҳишаҳо дар кишвар кам нашуда, баръакс афзудааст.

Ба гуфтаи мутахассиси Кумита Маҳбуба Азимова, соли 2015 шумори фоҳишаҳо дар ҷумҳурӣ 414 нафар зиёд шуда, ба 2 ҳазору 66 нафар расидааст. «Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 157 фоҳишахонаҳо ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2014 ба миқдори 37-то камтар аст», – иброз дошт номбурда.

Дар шарҳи масъалаи афзоши сафи фоҳишаҳо дар кишвар ӯ хотиррасон намуд, ки «вақте мо изҳор доштем, ки мардон бояд аз истифодаи хизматгузории фоҳишаҳо худдорӣ кунанд, то ки ин зуҳуроти номатлуб пешгирӣ шавад, изҳороти мо ба баъзеҳо нафорид».

Ёдрас мекунем, ки тибқи тағйироти аз ҷониби парлумон воридшуда ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, минбаъд тафтишу таҳқиқи парвандаҳои маъмурӣ нисбати фоҳишагарӣ танҳо ба дӯши Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти судӣ вогузор мегардад. Қаблан ба ин кор дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти прокуратура низ ҳуқуқ дошт.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки агар пештар дар ҷумҳурӣ барои машғул шудан ба фоҳишагарӣ танҳо ҷазои ҷаримабандӣ аз 400 то 800 сомонӣ пешбинӣ гардида буд, акнун ҳаҷми ин ҷаримаҳо аз 800 то ба 1,6 ҳазор сомонӣ мерасад ва ҳамчунин ҷазо дар шакли ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз низ пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.