Кадрҳои нав: муовини аввали Озода Раҳмон таъин шуд

Имрӯз бо фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расиданд, як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад аз вазифаи сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти […]



Имрӯз бо фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расиданд, як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад аз вазифаи сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон таъин карда шуд.

Бобозода Ғуломҷон Ҷӯра Сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ таъин гардид.

Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Бобоҳоҷиева Лола Садриддиновна бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ озод ва ба ҷойи ӯ Умарзода Саида Ғайрат муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таъин гардид.

Раҳмонзода Усмон Сабз аз вазифаи раиси ноҳияи Ҳисор озод шуда, ба ҷойи ӯ Ҷумазода Шарифҷон, ки то ин вақт мудири Котиботи сарвазири мамлакат буд,  иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҳисор таъин карда шуд.

Ҳокимзода Исматулло Ҳоким бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав озод шуд ва ба ҷойи ӯ Аюбзода Нусратулло Наҷмиддин раиси ноҳияи Шаҳринав таъин гардид.

Зимни суҳбат зимни бо кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ таъиншуда Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлату миллат, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор бояд ҳамеша дар мадди аввал гузошта шаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.